Инфиҷори баме дар мактабе дар Нагарҳор

Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, имрӯз дар қисмати шарқии ин кишвар баме мунфаҷир шудааст ва дар он мудири мактаб ба қатл расидааст. Ду омӯзгори дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ин ҳодиса дар ҳаволии Ҷалолобод дар вилояти Нангарҳор рух дод. Нируҳои Толибон гуфтаанд, ки ин ҳамларо онҳо анҷом надодаанд. Ҳамла ба мактабҳо, ба вижа ба мактабҳои духтаронаро тундравҳои исломӣ анҷом медиҳанд. Ҳамзамон дар вилояти ҳамсоя дар Лағмон мошини раиси пешини шӯрои вилоятӣ ба баме бархӯрд ва вай кушта шуд. Забиҳулло Муҷоҳид-сухангӯи Толибон гуфт, Толибон масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда мегиранд.