Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико, бо яке аз пешвоёни аслии мухолифини Либия, Маҳмуд Ҷибрил дар Порис мулоқот кард. Ҳарду нафар баъди гуфтӯгу дар як меҳмонсарои боҳашамат дар пойтахти Фаронса натиҷаҳои мулоқоташонро шарҳ надоданд. Пештар аз ин хонум Клинтон бо Николя Саркозӣ раиси ҷумҳури Фаронса вазъи Либияро баррасӣ карданд, ки ахири ҳамроҳ бо Дейвид Кемерон, нахуствазири Бритониё аз Шӯрои Амнияти Созмони Милал хостаанд, осмони Либияро ҳарими ҳавоии мамнӯъ барои парвоз эълом кунанд.