“Human Rights Watch” мегӯяд, мақомоти Беларус дар ҷараёни саркӯбии эътирозҳое, ки дар пайи эълони пирӯзии навбатии Аляксандр Лукашенка дар интихоботи моҳи декабр ин кишварро фаро гирифт, “садҳо нафарро худсарона боздошт ва азият кардаанд.” Гузориши имрӯзаи ин созмони ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, ин маърака бо ҳадафи “буғӣ кардани ҷомиаи шаҳрвандӣ ва озодии баён дар саросари кишвар” роҳандозӣ шудааст.
Мақомоти Беларус баъд аз он эътирозҳо садҳо нафар, бо шумули номзадҳои мухолифинро зиндонӣ карданд.
Гузориши “Human Rights Watch” садҳо мавриди нақзи ҳуқуқи башар баъд аз интихобот, бо шумули таъқиби номзадҳо ва фаъолони мухолиф, бадрафторӣ нисбат ба боздоштшудагон, додгоҳҳои пушти дарҳои баста ва амалиётҳо алайҳи созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башарро санад кардааст.