Консерти наврӯзии овозхонони эронӣ дар Дубай

Давлати Эрон нақша дорад, ки мақомоти аршади 20 кишварро барои ширкат дар маросимҳои ҷашнвораи Наврӯз ба ин кишвар даъват бикунад.
Дар ин маросимҳо ба раҳбарони кишварҳои форсизабони Эрону Тоҷикистон ва Афғонистон кишварҳои дигар - Туркманистону Озарбойҷон, Қазоқистону Қирғизистон, Ироқу Албания ва Туркия хоҳанд пайваст.

Баргузории ин маросим барои рӯзҳои 26-28-уми март дар назар гирифта шудааст.

Соли гузашта 23-юми феврал Наврӯз ба унвони ҷашни байналмилалӣ дар ЮНЕСКО ё Созмони Ҷаҳонии Омӯзишӣ ва Илмиву Фарҳангӣ дар феҳристи Мероси Фарҳангии Башарият сабти ном шуд.
Муттаассифона маҳдудиятҳое, ки дар Эрон вуҷуд дорад, иҷоза намедиҳад ба ҳунармандони дохилии Эрон, ки бахусус дар айёми Наврӯз дар берун аз Эрон консерташонро баргузор кунанд. Дар гузашта онҳое, ки дар чунин консертҳо ширкат карданд, баъд аз бозгашт, дар Эрон ба мушкил бархӯрданд...


Баъд аз он бори аввал дар Эрон "Наврӯзи байналмилалӣ" баргузор шуд ва дар он Ҳомид Карзай, Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раҳбарони кишварҳои Афғонистону Тоҷикистон ва Туркманистон ширкат карданд.

Вале ҷашни Наврӯз ба ҷуз аз чунин расмиёт, маросимҳои вижаи худро дорад ва дар саросари ҷаҳон онҳое, ки Наврӯз доранд, онро бо суннатҳои наврӯзӣ баргузор мекунанд.

Суннатҳои наврӯзӣ тақрибан ба ҳеҷ дину оин пойбандӣ надорад ва аз табиату коинот реша мегирад, бо тағйиири иқлим, баробарии шабу рӯз иртиботи қавӣ дорад. Ба ин далел, беш аз пеш онро мардумони саросари сайёра эътироф мекунанд ва он ҷаҳонитар мешавад.



Форсизабонон ҷашни Наврӯзро бидуни созу овоз тасаввур карда наметавонанд. Овозхонони эронии муқими хориҷ дар рӯзҳои Наврӯз силсилаконсертҳои худро дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб ба нақша гирифтаанд.

Дар як мусоҳиба бо Паём Розӣ, корманди бахши Фардои радиои Озодӣ аз вай мепурсам, силсилаконсертҳои Дубай дар рӯзҳои Наврӯз бо ширкати кадом хонандаҳои эронӣ баргузор хоҳад шуд?

Паём Розӣ: Консертҳои наврӯзии эронӣ дар Дубайро оркестри симфонии Теҳрон дар хориҷ оғоз мекунад. Ин консерт дар ҷазирае дар муқобили Бурҷи Халифа 21-уми март баргузор мешавад. Рӯзи 22-юми март хонандаҳои қадимитари мусиқии попи эронӣ мисли Ҳумейро, Шаҳроми Сулатӣ, Пӯё ва Майкел, 23-юми март Саттор, Умед, Мансур ва Афшин барнома доранд. Рӯзи 24-ум Эбӣ ва Шодмеҳр барномае доранд, ки мо аз тарафи радиои Фардо ҳузур хоҳем дошт. Талош мекунем, ки як барномаи зинда ва шуниданиро аз он ҷо таҳия кунем.

Суол: Овозхонон аз дохили Эрон ҳам дар ин консертҳо ширкат хоҳанд дошт?

Паём Розӣ: На. Муттаассифона маҳдудиятҳое, ки дар Эрон вуҷуд дорад, иҷоза намедиҳад ба ҳунармандони дохилии Эрон, ки ба хусус дар айёми Наврӯз дар берун аз Эрон консерташонро баргузор кунанд. Дар гузашта онҳое, ки дар чунин консертҳо ширкат карданд, баъд аз бозгашт дар Эрон ба мушкил бархӯрданд.

Суол: Пас чӣ аҳамияте дорад, ки овозхонони эронӣ аз Амрикову Аврупо меоянд ба Дубай ва наздиктар ба Эрон консерт иҷро мекунанд.

Паём Розӣ: Ин расмест, ки шояд баъд аз инқилоб дар Эрон иттифоқ афтод ва ҳунармандону овозхононе, ки маҷбур шуданд аз Эрон берун раванд, ҳоло расм шудааст, ки ба наздики Эрон оянд. Ба тарафдорону мухлисонашон осонтар аст, ки ба кишварҳое чун Туркия ва шаҳри Дубай сафар кунанд ва истиқболе, ки аз ин хонандаҳо дар Туркия ё Дубай мешавад, ҳамеша беҳтар ва бештар аст.

Суол: Пас метавонем бигӯем, ки мухлисон ва ҳаводорони мусиқӣ аз Эрон ҳам барои тамошои ин консертҳо меоянд?

Паём Розӣ: Ҳамин тавр аст. Соли гузашта вақте, ки мо дар он ҷо будем, дар як консерт 3 ҳазор нафар ширкат карданд ва аз онҳо наздики 1 500 нафар аз Эрон омада буданд. Онҳо баъд аз солҳо ҳунармандони муҳбубашонро мебинанд.

Суол: Чунин консертҳо бо ширкати ҳунармандони эронӣ дар Амрико ва кишварҳои дигари Аврупо низ баргузор хоҳанд шуд?
Аз тарафи дигар, ба ҳунармандони ҷавон кӯмак мекунем, ки ба навъе муаррифӣ шаванд ва осори онҳоро ба сурати зинда дар тамоми ҷаҳон бишнаванд ...


Паём Розӣ: Теъдоде аз ҳунармандон дар дохили Амрико консертҳое гузоштаанд, теъдоде ҳам дар Туркия ва чанд нафари дигар Молезӣ (Малайзия). Дарвоқеъ, Туркия, Дубай ва Молезӣ ҷоест, ки ҷойҳое ҳастанд, ки барои ҳунармандон осонтар будааст ва эрониҳо дар ин ҷойҳо аз консертҳояшон истиқболи беҳтаре кардаанд.

Суол: Ва эрониҳо ҳам дар ин кишварҳо бештар зиндагӣ мекунанд?

Паём Розӣ: Дақиқан.

Суол: Мо шунидем, ки шумо ҳам ба Дубай ташриф мебаред ва дар ин консертҳо ба унвони хабарнигор аз ҷониби радиои Озодӣ ширкат хоҳед кард. Барномаҳои худи шумо чист? Оё кӯмак мекунед, ки ин консертҳо ба таври зинда аз тариқи радио ва интернет пахш шавад ё тадобири дигар ҳам дар назар доред?

Паём Розӣ: Ҳадаф аз пахш кардани консертҳо ба сурати зинда, яке аз тариқи моҳвора ва дигаре аз тариқи интернет ин буд, ки шумораи зиёде аз эрониён, ки шунавандаи мо ҳастанд ва имкони ҳузур дар ин консертҳоро надоранд, ба онҳо кӯмак мекунад, чун бисёре аз онҳо тавононии сафар ба Дубай, Туркия ва Молезиро надоранд ва наметавонанд эҳсос кунанд, ки ба сурати зинда дар ин консертҳо ҳузур доранд. Онҳо ин барномаҳоро ба таври зинда аз радио ва интернет мешунаванд. Аз тарафи дигар, ба ҳунармандони ҷавон кӯмак мекунем, ки ба навъе муаррифӣ шаванд ва осорашонро ба сурати зинда дар тамоми ҷаҳон бишнаванд ва аз ин роҳ ба онҳо низ кӯмак кунем.