Дар Қазоқистон як зан бо ҷурми рабудани кӯдаки навзод аз таваллудхонае дар шаҳри Алма-Ато ба 7 соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳ мегӯяд, Анна Савчинаи 25-сола рӯзи 20 ноябр Ратмири он замон 3-рӯза, фарзанди Светлана Шашковаро ҳамагӣ чанд лаҳза қабл аз тарки зоишгоҳ кардани онҳо рабудааст. Пулис Ратмирро баъди 3 рӯз аз манзили Савчина пайдо кард. Тафтишот мегӯяд, Савчина худро ҳомила вонамуд мекард ва баъди таҳияи як зодномаи ҷаълӣ даст ба рабудани ин кӯдаки навзод зад. Бо ҳукми додгоҳ, масъулияти нигоҳубини духтари сесолаи ӯ низ ба хоҳараш вогузор шуд.