Михайлович аз Беларус фирор кардааст

Михайлович - дар роҳ ба сӯи дафтари КГБ Беларус

Номзади собиқи мухолифин ба интихоботи раёсатҷумҳурии Беларус Алес Михайлович алорағми қарори манъи қаламрави Беларус зоҳиран тарки кишвар кардааст. Михайлович дар торнамояш навишт, ки ӯро дубора барои бозпурсӣ ба КГБ даъват карданд, вале ӯ акнун “дар як минтақаи хориҷ аз дастраси КГБ Беларус” қарор дорад. Михайлович аммо маҳалли будубоши кунуниашро мушаххас накардааст. Ҳамсари ӯ Милана низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ эътироф кард, ки Алес Михайлович аз ҳудуди Беларус хориҷ шудааст.
Михайлович баъд аз интихоботи рӯзи 19 декабр боздошт шуд ва баъди ду моҳи боздошт раҳо ёфта, зиндони КГБ Беларусро бо конслагер монанд кард. Ду рақиби дигари Аляксандр Лукашенка дар интихоботи ахир – Андрей Санникав ва Микалай Статкевич то ҳол дар боздошт қарор дошта, номзади севвум – Владзимер Някляев – дар ҳабси хонагист.