Мақомоти Ҷопон саъй доранд, то аз фалокат дар як нерӯгоҳи атомии ин кишвар ҷилавгирӣ кунанд, ки бар асари заминларзаи қавии рӯзи ҷумъа осеб дид. Мақомот мегӯянд, хатари беш аз ҳад гарм шудани се реактори нерӯгоҳи Фукушима дар шимоли Токио вуҷуд дорад. Боло рафтани ҳарорат дар реакторҳо ва мунфаҷир шудани он барои муҳити зист фалокатбор аст. Мақомот ба ҳар се реактор оби баҳрро ворид кардаанд, то онҳоро сард нигаҳ доранд. Ҳудуди 80 ҳазор нафарро аз фосилаи 20 километрии маҳалҳои атрофи нерӯгоҳи Фукушима ба ҷойи амн интиқол додаанд. Ба гуфтаи мақомот, 22 нафар аз олудагиҳои атомӣ осеб дидаанд ва шояд 190 нафар таҳти таъсири он қарор гирифта бошанд. Айни замон пулиси Ҷопон эълом кард, ки танҳо дар вилояти Миагӣ теъдоди қурбониёни сунамӣ метавонад аз 10 ҳазор нафар бигзарад.