Дар Либия нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ шаҳри бандари Брегаро таҳти назорати худ қарор доданд. Дар ин бора телевизиони давлатии Либия хабар дод.
Аз ин пештар хабаргузориҳо навишта буданд, ки ҷонибдорони Қаззофӣ чанд шаҳри ишғолнамудаи мухолифинро дубора зери назорат дароварданд ва аммо рӯзи шанбе дар набардҳо барои шаҳри Мисрата ноком шуданд. Мисрата такягоҳи охирини мухолифин дар ғарби Либия маҳсуб мешавад.
Қарор аст, ки фардо вазири умури хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон лар Порис бо намояндагони мухолифини Либия мулоқот кунад. Нишасти вазирони умури хориҷии ҳашт кишвари пешрафтаи олам, ки фардо шурӯъ мешавад, низ ба мавзӯъи авзоъ дар Либия бахшида хоҳад шуд.
Имрӯз ИМА аз даъвати Лигаи кишварҳои араб барои муқаррар намудани минтақаҳои мамнӯъ барои парвозҳо дар ҳарими ҳавоии Ливия пуштибонӣ кард. Ин гуна минтақаҳо имкон медиҳанд, ки мардуми осоишта ва муассисаҳо аз ҳамлаи ҳавопаймоҳои нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ эмин бимонанд.
Дар изҳороти Кохи Сафед ин иқдом чун “қадами муҳим” барои қатъи хушунат дар Либия арзёбӣ шудааст.