Имрӯз, 11 март дар Тоҷикистон аз Рӯзи матбуот таҷлил мекунанд. Ин рӯз ба шарафи чопи нахустшумораи рӯзномаи «Бухорои шариф» дар 11 марти соли 1912 интихоб шуда, соли 1994 аз сӯи парлумони Тоҷикистон ба қонуни идҳои ин кишвар шомил карда шуд. Бино ба омори вазорати фарҳанг, феълан дар Тоҷикистон беш аз 400 расона, бо шумули 268 нашрия, 136 маҷалла ва 8 хабаргузорӣ расман амал мекунанд.
Дар Рӯзи матбуоти тоҷик дар як мизигирд тарҳи тағйирот ба қонуни матбуоти Тоҷикистон баҳс хоҳад шуд, ки асосан ба расонаҳои интернетӣ дахл мекунад.
Дар арафаи иди матбуот сафири Амрико Кеннет Гросс дар як матлаб фишор алайҳи хабарнигорони мустақил тавассути додгоҳҳоро ғайри қобили қабул номида, гуфт, ҳалли масоили матраҳшуда назар ба тарс додани хабарнигорон бо додгоҳ беҳтар аст.