Кохи Сафед ва суханон дар бораи "пирузӣ"-и Қаззофӣ

Кохи Сафед мехоҳад худро аз тавзеҳоти раиси кашфи Амрико дар канор нигаҳ дорад. Ҷейм Клаппер-раиси кашфи миллии Амрико гуфтааст, чунин ба назар мерасад, ки Муаммар Қаззофӣ дар ҷанг бар зидди шӯришиён пируз мешавад. Вай рӯзи панҷшанбе дар ҷаласаи кумитаи Сенат гуфт, нишонаҳое вуҷуд надорад, ки Қаззофӣ истеъфо диҳад. Ба гуфтаи вай, нируҳои Қаззофӣ нисбат ба мухолифон беҳтар муҷаҳҳазанд ва зоҳиран пируз мешаванд. Баъдтар Том Данилон-мушовири амниятии Барак Обама аз ин суханони Клаппер интиқод кард ва онро таҳлили якҷониба номид. Донилон гуфт, таҳримҳои байналмиллалӣ бар зидди Қаззофӣ ва иродаи қавии мардуми Либия барои барканории вай нақши аслӣ хоҳад дошт.