Ҳилларӣ Клинтон ба Мисру Тунис сафар мекунад

Ҳилларӣ Клинтон

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА, ҳафтаи оянда ба Миср ва Тунис сафар хоҳад кард. Ӯ воломақомтарин мансабдори амрикоӣ хоҳад буд, ки баъд аз ошӯбҳо дар ин кишварҳо ба он ҷо меравад.

Хонум Клинтон имрӯз дар нишасти як комиссиюни Конгресс гуфт, ки дар ҷараёни сафар пуштибонии маъмурияти Обама ва амрикоиҳоро ба мардуми Мисру Тунис мерасонад. Вазири умури хориҷии Амрико афзуд, ки Вошингтон мехоҳад ҳампаймони ин кишварҳо боқӣ бимонад.

Ҳилларӣ Клинтон қасд дорад, ки дар ҷараёни сафараш бо раҳбарони мухолифини Либия ҳам мулоқот кунад.