Ҷо Байден, муовини раиси ҷумҳури Амрико, имрӯз дар мулоқот бо раҳбарияти Русия ба онҳо итминони хотир дод, ки Амрико аз пайвастани Русия ба Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ ҳимоят мекунад. Ҷо Байден дар ин бора зимни мулоқот бо Игор Шувалов, муовини нахуствазири Русия, сухан гуфт. Ӯ афзуд, кишвараш саъй дорад, то корҳои қабули Русия ба созмони мазкур то соли 2011 ба поён расад. Пеш аз ин дар ҳузури ду тараф, қарордоде имзо шуд, ки бар асоси он ширкати Аэрофлоти Русия аз ширкати Боинги Амрико ҳашт ҳавопаймои дурпарвози Боинг БИ 777 мехарад. Ҷо Байден имрӯз бо Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия мулоқот ва ғолибан доир ба бӯҳрон дар Либия ва барномаи истиқрори сипари дифоъии Амрико дар Аврупо гуфтӯгу хоҳад кард.