Имрӯз тоҷирони тоҷику покистонӣ мулоқот мекунанд

Имрӯз дар шаҳри Карочии Покистон дар чаҳорчӯбаи боздиди Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқоти тоҷирони ҳар ду кишвар баргузор мешавад. Интизор меравад, ки дар маҷмаи тоҷирону соҳибкорони ин ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон ширкат ва тоҷирону соҳибкорони покистониро ба ҳамкорӣ бо ҷониби Тоҷикистон даъват кунад. Дар ин боздид оқои Раҳмонро Ҳамрохон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷӣ, Эркин Раҳматуллоев-мушовири давлатӣ дар умури сиёсӣ ва байналмиллалӣ, вазирони энерживу саноат, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, тандурустӣ ва ҳайати тоҷирону соҳибкорони тоҷик ҳамроҳӣ мекунанд.