Номзади собиқи мақоми раёсати ҷумҳурии Беларус Андрей Санникау 57-ӯмин солгарди зодрӯзи худро дар боздоштгоҳи муққадамотии КГБ ё Кумитаи Амнияти Давлатии ин кишвар сипарӣ мекунад. Хешовандони Санникав мегӯянд, рӯзи душанбе кормандони КГБ иҷоза надодаанд ба вай хӯрок ва тӯҳфа диҳанд. Вайро барои ташкили тазоҳуроти эътирозӣ дар Минск гунаҳгор медонанд. Ин тазоҳурот баъд аз интихоботи 19-ӯми декабри раёсати ҷумҳурии Беларус баргузор шуд. Ҳоло Микалай Статкевич-номзади дигар низ дар зиндон ба сар мебарад. Владзимир Някляев низ номзад буд ва дар ҳабси хонагист. Алес Михайлевич иҷоза надорад Минскро тарк кунад.