Тонку туп ва ҳавопаймоҳо бар зидди шӯришиёни Либия

Бино ба гузоришҳо, нируҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ бо тонку туп задухурдро идома медиҳанд, то шаҳраки Зовияро дубора ба контроли худ дароранд. Як мақоми ҷонибдор аз Қаззофӣ мегӯяд, ҳоло нируҳои онҳо назорат бар шаҳракро дар ихтиёр доранд. Ин шаҳрак дар 50 километрии Троблус-пойтахти Либия ҷойгир аст. Вале баъзе аз шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки шӯришиён ба нируҳои ҳукуматӣ муқовемат нишон медиҳанд. Гузоришҳо ҳокист, ки дар шарқ ҳамлаҳои ҳавоӣ мавзеъҳои шӯришиёнро дар атрофи шаҳраки бандарии Баҳри Миёназамин ва нафтхези Рас Лануф ҳадаф қарор додаанд.