Шумори кушташудаҳо дар Файсалобод ба 23 расид

Таркиши мошини бомбгузоришуда дар як истгоҳи газфурӯшӣ дар шарқи Покистон дастикам 23 кушта ва 116 захмӣ ба ҷо гузошт. Бино ба хабарҳо, ин инфиҷор аз сӯи Толибон дар наздикии дафтари ожонси иктишофии Покистон дар Файсалобод, як маркази муҳими саноатии вилояти Панҷоб, анҷом шудааст. Ҳамалоти ҷангиёни Ал-Қоида ва Толибон то кунун дар манотиқи шимолу ғарби Покистон бештар мушоҳида шуда, Файсалобод камтар ҳадафи чунин ҳамлаҳо қарор дошт.