Далели маҳдуд шудани дин мубориза бо ифротгароист?

Сафири Тоҷикистон дар САҲА гуфтааст, Душанбе ӯҳдадориҳояш дар назди ин созмон дар мавриди озодиҳои мазҳабиро муроот мекунад ва аз ниҳодҳои интизомӣ танҳо ба хотири мубориза бо зуҳуроти тундрав ва ифротгароиву терроризм истифода мебарад. Нуриддин Шамсов гуфтааст, мавзӯъи мурооти ҳуқуқи инсонро бояд дар баробари зуҳуроти афзояндаи ифротгароӣ, тундравӣ, терроризм ва талошҳо барои таҳкими суботу амният дар минтақа баррасӣ кард.
Ин изҳорот дар посух ба баёнияи Ян Келлӣ, сафири Амрико дар САҲА аст, ки аз вазъи озодиҳои динӣ дар Осиёи Марказӣ, бахусус дар Тоҷикистон, изҳори нигаронӣ кард. Вошингтон аз ҷумла тарҳи қонуни масъулияти волидайнро, ки иҷрои фаризаҳои мазҳабиро барои афроди зери синни 18 манъ мекунанд, ташвишовар меномад.
Аммо Нуриддин Шамсов вуҷуди 3500 масҷид ва 84 созмони ғайриисломӣ дар Тоҷикистонро аломати ҳусни таҳаммули баланди мазҳабӣ дар кишвари худ унвон мекунад.