Мақоми 118-уми Тоҷикистон аз нигоҳи туризм

Бино ба раддабандии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ, мақараш дар Женева, Тоҷикистон дар байни 139 кишвари ҷаҳон аз нигоҳи заминаҳои мусоид барои турзим дар мақоми 118-ум ҷой гирифт. Ин раддабандӣ бар асоси омилҳое, чун қонунгузории мусоид, вазъи зистмуҳитиву амниятӣ ва имконоти зербонии инсониву табиӣ ва фарҳангиву таърихӣ сохта шуда, Швейтсарияро дар мақоми аввал ҷой додааст. Швейтсария дар раддабандии қаблии ду сол пеш низ дар мақоми аввали ин ҷадвал буд. Мақомҳои баъдиро дар сабқати имсола Олмону Австрия, Шветсия, Амрикову Бритониё, Испанияву Канада ва Сингапур гирифтаанд.
Аз миёни кишварҳои шӯравии собиқ баландтарин мақом – зинаи 25-умро Эстония соҳиб шудааст.