Сарвазири Чин Вен Ҷибао дар рӯзи аввали иҷлоси солонаи парлумон барномаи панҷсолаи рушди кишварро ироа кард. Ӯ гуфт, Чин имсол қасд дорад, рушди ҳаштдарсадии иқтисодашро таъмин кунад, ки назар ба 10,3 дарсади соли қаблӣ камтар аст.
Ҷибао назорати таваррум ва пешгирӣ аз афзоиши нархҳоро аз рууси сиёсатҳои Пекин номид.Сарвазири Чин афзуд, Ҳизби коммунист ба тавсиаи “демократияи сотсиалистӣ” идома хоҳад дод.Ин сиёсат давлати бозтар, рақобат барои интихоб ба мақомҳои ҳизбӣ ва интихоботи мустақими раҳбарони маҳаллӣ ва зинаҳои поёниро дар Чин дар назар дорад.
Иҷлоси даҳрӯзаи ҳудуди 3000 вакили аз сӯи ҳизби коммунист таъйидшудаи Конгресси миллӣ рӯзи шанбе оғоз ба кор кард.