Обама маъракаи интихоботии демократҳоро оғоз дод

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама маъракаҳои ҳизби демократаш барои интихоботи соли 2012-ро оғоз дод. Обама, ки мехоҳад барои давраи дуввуми раёсат вориди мубориза шавад, рӯзи ҷумъа дар шаҳри Майамии аёлати Флорида дар ду ҳамоише, ки бояд ба сандуқи номзадҳои ҳизби ӯ то 1 миллион доллар кумак ҷамъ кунанд, ширкат варзид. Обама рушди иқтисоди Амрикоро як падидаи мусбате номид, ки бояд ба демократҳо дар амри ҷуброн кардани талафоти онҳо дар интихоботи моҳи ноябр ва пирӯзиашон дар соли 2012 кумак кунад: «Ҳоло як далели инҷо ҷамъ шудани мо қасди мо барои пирӯзӣ дар интихоби оянда аст. Мо ба дидгоҳи худ ба оянда мутмаинем. Саҳве нест, ки монеъи пирӯзии мо шавад.»
Обама дар Майамӣ бо Ҷеб Буш, бародари раисиҷумҳури собиқи ҷумҳурихоҳ Ҷорҷ Буш зоҳир шуд, ки аз пойбандии ӯ ба ҳамкории байниҳизбӣ бо ҷумҳурихоҳон аломат медиҳад.