Иҷлоси солонаи парлумони коммунистии Чин рӯзи шанбе оғоз ба кор кард. Конгресси миллӣ тайи 10 рӯз гузоришҳои мақомоти аршади Чин пиромуни барномаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар барои 5 соли ояндаро хоҳад шунид.
Дар Толори бузурги мардумӣ дар Пекин ҳудуди 3000 вакили аз сӯи ҳизби коммунист таъйидшуда ҷамъ омадаанд.
Сарвазири Чин Вен Ҷибао дар паёмаш тавсиъаи рушди иқтисодии кишварро ваъда супурд: «Бархе мавориди нигаронии афзояндаи мардум то ҳол ҳалл нашудааст. Аз ҷумла камбуд ё ироаи нокофии хадамоти тиббиву маориф, фишори афзояндаи таваррум, афзоиши босуръати нархи манзил ва афзоиши низоъҳои иҷтимоии ношӣ аз ғасби ғайриқонунии замин ва амсоли ин.»
Чин феълан баъди Амрико дуввумин иқтисоди бузурги дунё шинохта шуда, барномаи давлатӣ рушди ба ҳисоби миёна 7-дарсадии он то соли 2015-ро дар назар дорад.