Рӯёрӯии нирӯҳои амниятӣ бо эътирозгарон дар Миср

Бино ба хабарҳо, шаби ҷумъа садҳо эътирозгар дар бандари Искандария, дуввумин шаҳри бузурги Миср, талош кардаанд ба як сохтмони марбут ба хадамоти амнияти дохилӣ ҳамла кунанд. Бар асари оташи афсарони амниятӣ то 3 нафар аз эътирозгарон ҷароҳат бардоштаанд. Бино ба хабарҳо, тазоҳургарон барҳам додани ин хадамотро ба далели нақзи ҳуқуқи инсон дар аҳди раҳбарии Ҳуснӣ Муборак талаб мекарданд. Аммо як мақоми амниятии Миср бидуни бурдани ном истифода шудани силоҳи ҷангӣ алайҳи тазоҳургаронро радд кардааст. Рӯзи ҷумъа сарвазири ҷадиди Миср Исом Шараф ба тазоҳургарон дар майдони Таҳрири Қоҳира гуфт, ки ӯ ба аҳдофи ин ҷунбиши мардумӣ пойбанд аст. Ҳокимони низомии Миср рӯзи панҷшанбе бо талаби тазоҳургарон Аҳмад шафиқро, ки аз сӯи Муборак сарвазир таъйин шуда буд, барканор карданд.