Дар Қазоқистон мухолифон таъхири интихоботро мехоҳанд

Ду ҳизби мухолифи Қазоқистон, яъне Ҳизби Кумунист ва Олға-ҳизби сабтиномнашудаи ин кишвар аз 3 номзади рақиб ба Нурсултон Назарбоев дархост карданд, ки номзадии худро фаро хонанд ва бад-ин тариқ мақомотро водор созанд, ки баргузории интихоботи раёсати ҷумҳуриро ба таъхир андозанд. Ҳадафи мухолифон ин будааст, ки номзадҳои умедбахши мухолифон барои омодагӣ ба интихобот вақти бештар дошта бошанд ва 91 000 имзои заруриро барои сабти номи худ чун номзад ҷамъоварӣ кунанд. Интихобот 3-юми апрел дар назар гирифта шудааст.