Тазоҳуроти эътирозии зиддиҳукуматӣ дар Ироқ

Дар шаҳри Бағдод тазоҳуркунандагон кам-кам дар маркази шаҳр гирдиҳам меоянд. Мақомоти амниятӣ ҳаракати нақлиётро дар шаҳр маҳдуд кардаанд, бинобар ин онҳо аз қисматҳои мухталиф роҳро пиёда мепаймоянд. Онҳо бар зидди бетаваҷҷуҳии ҳукумат ба бекориву ришвахорӣ эътироз мекунанд. Як ҳафта пеш дар даҳҳо шаҳри дигари Ироқ ин гуна тазоҳурот баргузор шуда буд. Ҳоло дар майдони Таҳрири Бағдод чандсад нафар гиридиҳам омадаанд ва бахше дигар дар роҳ ҳастанд. Тазоҳуркунандагон шиор медиҳанд, ки “Нафт барои дуздон нест”. Чунин тазоҳурот дар шаҳри Наҷаф ва дар бандари Басра низ баргузор шудааст.