Нахуствазир аз вазири кушташудаи худ ситоиш кард

Юсуф Ризо Гилонӣ-нахуствазири Покистон дар маросими дафни Шаҳбоз Бҳаттӣ -сиёсатмадорони масеҳии ин кишвар дар Исломобод гуфт, ҳукумат аз тамоми “имконоти мавҷуда” кор хоҳад гирифт, то қотилонро ба сазои аъмолашон бирасонад. Шаҳбоз Бҳаттӣ дар кобинаи Гилонӣ мақоми вазири умури қабоилро бар ӯҳда дошт. Ал Қоида ва ҷунбиши Толибони Покистон масъулияти ин террорро бар ӯҳда гирифтаанд. Бҳаттӣ дуввумин сиёсатмадори Покистон аст, ки дар ду моҳи ахир ба дасти тундравҳои исломӣ ба қатл мерасанд. Бҳаттӣ дар деҳаи Файсалобод дар зодгоҳаш ба хок супурда мешавад. Вай аз аҳолии масеҳии Покистон аст ва дар ин кишвар аз 180 миллион нафар аҳолӣ 5 дарсадро масеҳиюн ташкил медиҳанд.