Додситонии Олмон қазияи Гуттенбергро тафтиш мекунад

Додситонии Олмон изҳор намуд, ки иттиҳом алайҳи собиқ вазири дифоъ Карл Теодорсу Гуттенберг дар тақаллуб зимни навиштани рисолаи докториро тафтиш мекунад. Вазири дифоъ се рӯз пеш аз мақомаш истеъфо дода буд ва дирӯз расман аз мақоми вазирӣ ва ваколати депутатӣ маҳрум карда шуд.

Истеъфо – паёмади моҷарои марбут бо рисолаи доктории вазир аст, ки ба таъйиди мутахассисон, як бахши он аз дигар асарҳо рӯйбардор шудааст.

Гуттенберг, ки яке аз номзадҳои эҳтимолӣ ба мақоми Садри аъзам ё канслери Олмон маҳсуб мешуд, аз ин пеш аз унвони доктори илм маҳрум карда шуда буд.

Рӯзи душанбе беш аз 20 ҳазор донишмандони олмонӣ ба садри аъзам Ангела Меркел шикоят карда буданд, ки бо вуҷуди моҷаро ва исбот шудани тақаллуб дар навиштаи рисолаи докторӣ вазири дифоъ барои тарки курсӣ шитоб надорад.

Су Гуттенберг барои нақзи қонуни дифоъ аз ҳаққи муаллиф шояд ба додгоҳ кашида шавад.