Қонуни нав дар бораи анҷоми амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шунидани гуфтугӯҳои телефониро иҷоза медиҳад.
Таҳиякунандагони пешнависи ин қонун дар парлумони Тоҷикистон мегӯянд, тарҳи мазкур бо назардошти пешрафти фанновариҳои коммуникатсионӣ дар солҳои ахир таҳия шудааст.
Вале масъала ин аст, ки оё ҳангоми анҷоми чунин амалиёт ҳуқуқи шаҳрвандон нақз намешавад?
Дар як гуфтугӯ бо Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, ин суолро дар миён гузоштем.
Вай гуфт: "Ин қонун фаъолияти мақомоти амаликунандаи амалиёти оперативӣ-ҷустуҷӯиро дар Тоҷикистон танзим мекунад. Дар гузашта низ чунин қонун вуҷуд дошт. Аммо пешнависи наве, ки баррасӣ шуд ва ба тасвиб расид, бо назардошти тағйироте таҳия шудааст, ки дар қонунгузории кишвари мо солҳои охир пеш омадааст.
Мувофиқи қонуни наве, ки мо қабул кардем, иҷозаи шунидани гуфтугӯҳои телефонии шаҳрвандон, назорат бар мукотибаҳо тавассути почта ва дигар ҳуқуқҳои конститутсионие, ки вобаста ба ҳамин масъала ба ҳуқуқҳои шахсии шаҳрвандон дахолат мекунанд, аз тарафи мақомоти амаликунандаи чораҳои фаврии ҷустуҷӯӣ фақат бо иҷозаи додгоҳ метавонад сурат бигирад."
Суол: Иҷрои ин қонун сармояи зиёдро тақозо мекунад. Масалан, барои шунидани гуфтугӯҳои телефонӣ, назорат бар мукотибаҳои почта ва почтаҳои электронӣ. Дар шароити кунунии Тоҷикистон оё заминаи молии иҷрои ин қонун дар назар гирифта шудааст?
Маҳмадалӣ Ватанов: "Албатта, мутобиқи ин қонун на ҳамаи гуфтугӯҳо ва мукотибаи миёни шаҳрвандон ё миёни созмонҳо, байни шаҳрвандону созмонҳо мавриди таъқибу боздошт қарор мегиранд. Дар ин қонун ҳамаи асосҳои ба амал баровардани чунин фаъолият танзим гашта ва нишон дода шудааст. Фақат дар ҳолате, ки шахс дар содир намудани ҷинояти вазнин ва ё махсусан вазнин гумонбар мешавад, мақомоти пешбарандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳуқуқ доранд, ки ин чорабиниҳоро гузаронанд. Бояд бори дигар таъкид кунам, ки гузаронидани чунин чораҳо фақат бо иҷозаи мақомоти додгоҳӣ ва бо ризояти додситон сурат мегирад."
Суол: Оё ҳамаи шахсон новобаста ба он, ки узви парлумон ҳастанд, аъзои ҳукумат ҳастанд ё барои мисол нахуствазиру раисҷумҳур, ҳама дар назди ин қонун баробаранд ё фарқ мекунад?
Маҳмадалӣ Ватанов: "Ин қонуне, ки мо қабул кардем, ба ягон мақом ё ягон шахси мансабдоре ҳуқуқ намедиҳад, ки дар амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ манфиати шахсии худ ва ё манфиати гурӯҳеро, манфиати ягон ҳизби сиёсӣ ё иттиҳодияҳои ҷамъиятиву динӣ ва мисли онро ҳимоя кунад. Дар ин қонун ягон маҳдудият нест, лекин бояд қайд кунам, ки чун ин ҷо масъала дар бораи ҷамъоварии далелҳо роҷеъ ба оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ ё ин ки ҷамъоварии мавод дар бораи парвандаи ҷиноятии аллакай кушодашуда сухан меравад, ин масъалаҳо дар дигар қонунҳо танзими худро ёфтаанд. Масалан, дар бораи раисони додгоҳҳо, намояндагони парлумон танҳо бо ризояти мақомот ё ризояти президент парвандаи ҷиноӣ боз мешавад ва ин масъалаҳо дар қонунҳои дигар танзим шудаанд."