Пешниҳоди додситонӣ ба "Қонуни масъулияти волидон"

Додситонии Хатлон бо ироаи 60 иловаи худ ба пешнависи қонун хостори тағйири номи он шудааст.

Ин пешниҳоду иловаҳо дар хотимаи маъракаи баррасии тарҳи қонуни мазкур ба Додситонии кулл ва ҳукумати Тоҷикистон ирсол гардидааст.

Варқа Зайниддинов, ёвари аршади додситони вилояти Хатлон, гуфт, дар баробари волидон, ҳамчунин давлат ва ҷомеа низ масъули тарбияи насли наврас дониста шавад ва ин нукта бояд дар номи қонун ҳам таъкид гардад.

МАСЪУЛИЯТИ ВОЛИДОН Ё ФАРЗАНДОН?

"Мо пешниҳод кардем, ки лоиҳаи қонун бо номи Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар, давлат ва ҷомеа дар тарбияи насли наврас" номгузорӣ шавад. Зеро дар худи тарҳи қонун, дар боби 3, дар бораи ӯҳдадориҳои мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилоте, ки вобаста ба тарбияи фарзандони мо ҳастанд ва онро ба танзим медароранд, ӯҳдадориҳои онҳо низ зикр шудааст",-
илова кард ҷаноби Зайниддинов.

Аз пешниҳоди масъулияти давлат ва ҷомеа дар тарбияи фарзандон ҳамчунин ҳукумати вилояти Хатлон низ пуштибонӣ кардааст.

Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон, ахиран дар ҷамъи хабарнигорон бо таъкид ба ин нукта гуфт, зарур аст, ки фарзанд дар парастории волидони худ низ қонунан масъул шинохта шавад.

Вай афзуд: "Ҳоло дар ҷумҳурии мардумии Чин қонуне таҳия мешавад дар бораи масъулияти фарзандон дар нигоҳубини падару модар. Агар дар мо масъулияти волидон дар тарбияи фарзанд баррасӣ шавад, он ҷо мушкили парастории падару модар проблема аст. Дар мо ҳам ҳамин проблема мушоҳида мешавад. Албатта, дину миллату мазҳаби мо онро таъкид мекунад, ки фарзанд бояд қарзи фарзандии худро дар назди волидонаш адо намояд. Мо ҳам бояд ба ҳамин масъала аҳамияти ҷиддӣ бидиҳем."

СУКУТ ДАР БАРОБАРИ ЯК БАНДИ ТАРҲИ ҚОНУН

Ғайбулло Афзалов, раиси ҳукумати вилояти Хатлон

Ин ҳам дар ҳолест, ки на раиси вилояти Хатлон ва на додситонҳои минтақа дар робита ба яке аз бандҳои тарҳи қонуни мазкур, ки манъи вуруди то 18-солаҳоро ба муассисаҳои динӣ дар назар дорад ва боиси нигарониҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва пайравони адёни гуногун шудааст, изҳори назар намекунанд.

Дар вилояти Хатлон ҳанӯз қабл аз баррасии тарҳи қонуни масъулияти волидон, аз ҷониби мақомоти ҳукумат ва милиса рейдҳои вижа доир гардида, садҳо наврасу ҷавони маҳаллӣ аз масҷидҳо берун карда шудаанд. Ҳамчунин даҳҳо мударрисони улуми исломӣ барои таълимоти динии кӯдакону наврасон муҷозот шудаанд.

Хонум Эътибор, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, дар пайи таъқиби мақомот, ӯ дигар намегузорад, ки фарзандонаш дар вақти берун аз дарси мактабиашон ҳам ба масҷид барои намозгузорӣ бираванд. Ба эътиқоди ӯ, азбаски омӯзиши аркони ислом барои ҳар як пайрави ин дин фарз аст, ӯ таълимоти исломро ба фарзандонаш дар шароити хона роҳандозӣ кардааст.

"Таълими динӣ зарур аст, то фарзандони мо дар рӯҳияи худошиносӣ ва худшиносӣ ба камол бирасанд. Боимон шаванду намоз бигузоранд. Аммо таҳсили онҳо дар мактаби ҳамагониро ҳам шарт медонам. Омӯзиши мазҳабӣ барои ояндаи худашон муҳим аст. Фарзандони ман ҳам дар мактаби дунявӣ ҳам мехонанд ва ҳам дар хона худам ба онҳо сураҳои Қуръонро меомӯзам, ҳам намозгузориро. Чунки дар масҷидҳо манъ мекунанд ва боз қонуне дар ин бора қабул хоҳад шуд"
,-афзуд ӯ.

МУҶОЗОТИ ВОЛИДОН БАРОИ МАҲАЛГАРОИИ ФАРЗАНДОН

Аммо аз Варқа Зайниддинов, ёвари аршади додситони Хатлон, пурсидам, ки "оё ҳамин банди маҳдудкунандаи "равуои то 18-солаҳо ба муассисаҳои динӣ" дар тарҳи қонуни нав, ба қонунгузории ҷории кишвар, аз ҷумла Қонуни асосӣ , ки озодиҳои эътиқодии шаҳрвандонро кафолат додааст, муғойират намекунад?"

Вай гуфт: "Ҷомеаи исломӣ имрӯз ниёз дорад ба кушодани Миррих. Ҷомеаи исломӣ ниёз дорад ба фатҳи кайҳон. Ҷомеаи исломӣ ниёз дорад ба кушодани генҳо. Бародарони азиз, ба куҷо равонем? Оё фақат ба ҳамин шариат маҳдуд бишавем ва ҳама таваҷҷӯҳамон ба ҳамин масоил бошад? То 18-солагӣ шаҳрванд бояд дар паси миз нишаста, дарс хонад, илми дунявиро аз худ кунад. Ин фикри шахсии ман аст."

Ҷаноби Зайниддинов афзуд, ҷомеаи кишварро набояд маҳз ҳамин банди тарҳи қонун нигарон бикунад, балки таҳдидҳои наве дар миён аст, ки мебояд бар сари ҷилавгирӣ аз онҳо табдирҳо андешид. Вай ба унвони мисол гуфт, додситонҳои минтақа пешниҳод кардаанд, ки волидон барои пешгирӣ накардан аз ангезаҳои маҳалгароӣ аз сӯйи фарзандони худ ҳам ба муҷозот кашида шаванд.

Гузашта аз ин, додситонии Хатлон ба тазоди баъзе аз бандҳои Қонуни масъулияти волидон бо Қонуни маорифи Тоҷикистон ишора карда, хостори рафъи ин ихтилофҳо шудааст.