Алайҳи гумонбарони таркиш иттиҳом эълон шуд

Додситонии кулли Русия алайҳи се сокини Ингушистон дар робита ба таркиш дар фурудгоҳи “Домодедово”-и Маскав иттиҳом эълон кард.

Хабаргузориҳои русӣ навиштаанд, ки бародар ва хоҳари маргталаби эҳтимолӣ Муҳаммад Евлоев ва ҳамдеҳаи онҳо Умар Аушев аз рӯи бандҳои “терроризм”, “роҳзанӣ” ва “ғайриқонунӣ нигаҳ доштани силоҳ” маҳкум ба зиндон хоҳанд шуд.

Масъулияти таркиши маргталабона дар фурудгоҳи “Дододедово”-и Маскавро Доку Умаров, раҳбари ҷудоихоҳони чечен, бар дӯш гирифтааст.

Ёдовар мешавем, бар асари таркиши маргталабона дар ин фурудгоҳ, ки рӯзи 24 январ рӯй дод, 36 нафар, аз ҷумла, 3 шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд.