Раҳпаймоии тарафдорони Қаззофӣ дар Троблус

Муаммар Қаззофӣ имрӯз дар як раҳпаймоии тарафдорони режимаш дар Троблус, пойтахти Либия зоҳир шуд ва дар ошӯбҳои ахири кишвараш бори дигар шабакаи Ал-Қоидаро айбдор кард. Ин дар ҳолест, ки нирӯҳои содиқ ба Қаззофӣ талош доранд манотиқи таҳти назорати чирикиҳо гузашта дар шарқи Либияро дубора зери дасти худ бигиранд. Феълан бахши аъзами шарқи Либия таҳти назорати мухолифин қарор дорад. Шоҳидон мегӯянд, субҳи имрӯз ҳавопаймоҳои ҷангии Қазофӣ шаҳри Аҷдабияро дар шарқи Либия бомббор кардаанд. Мухолифин мегӯянд, амбори нафт дар шаҳри Брегаро дубора аз дасти нирӯҳои Қаззофӣ берун кашидаанд.
То имрӯз беш аз 100 000 нафар тарки Либия кардаанд ва кишварҳои Ғарб имкони иқдоми низомиро ба манзури ҳалли ин буҳрон сарфи назар намекунанд. Сарвазири Бритониё Девид Камерон гуфт, истифодаи нирӯи низомӣ як роҳи ҳалл боқӣ мемонад. Вале вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс аммо гуфт, то ҳол на маъмурияти Барак Обама ва на паймони НАТО ҷиҳати иқдоми низомӣ тасмим нагирифтаанд.
Бо ин ҳол, имрӯз ду киштии ҷангии Амрико ба қасди соҳилҳои Либия аз канали Суетс убур кард.