Табиби тоҷикро дар Яман гаравгон гирифтаанд

Як гурӯҳи мусаллаҳи ҳанӯз ношинос рӯзи душанбе як шаҳрванди Тоҷикистонро дар вилояти Шибваи Яман гаравгон гирифтааст. Ҳомидҷон Очилови 60-сола, зодаи ноҳияи Ҳисор, ки аз соли 2007 дар шаҳри Аттақи Яман чун табиб кор мекард, ба Саидаҳмад Беков- намояндаи ширкати “Техностройэкспорт”-и Русия дар Яман занг зада гуфтааст, ки дар минтақае бо номи Маҳфид қарор дорад. Беков дар ин бора гуфт:

“Мегӯянд, ки як касалӣ омадаасту хоҳиш мекунем духтур бинед касалиро. Ҳомидҷон мефарояд ва мепурсад, ки кан6ӣ касалӣ, мегӯянд, ки дар мошин. Назди мошин меояд, ксалӣ нест. Ҳомид-акоро савор карда гирифта мебаранд”.

Гаравгонгирон ба табиби тоҷик гуфтаанд, ки ягон ҳисобе бо худи ӯ надоранд, балкӣ масъалае доранд, ки мехоҳанд бо ҳукумати Яман матраҳ кунанд. Саидаҳмад Беков мутмаин аст, ки ин маврид низ ба хушӣ ҳалл хоҳад шуд, чунки маъмулан дар Яман ба шахси табиб эҳтироми вижае қоиланд ва чунин мавориди гаравгонгирии табибон маъмулан барои ҳали масоилест, ки ин ё он гурӯҳ ё қабила бо ҳукумат дорад. Ба гуфтаи оқои Беков, ҳоло дар Яман 47 нафар табибони тоҷик аз ҷониби ширкатҳои Русия ва ё мустақилона кор мекунанд.
.