Михайлевич: "Зиндони КГБ мисли конслагер буд"

Номзади собиқи интихоботи раёсатҷумҳурии Беларус ду моҳи маҳбусиашро дар боздоштгоҳи КГБ ба конслагер монанд карда, гуфтааст, ки ӯро дар ин ҷо шиканҷа додаанд.
Алес Михайлевич, ки рӯзи 19 феврал озод шуд, имрӯз дар як нишасти хабарӣ дар Минск гуфт, зиндонбонҳо ӯро тани бараҳна дар ҳавои сарди берун нигоҳ медоштанд, бидуни вакили мудофеъ бозпурсиаш карда ва нирӯи барқро дар ҳуҷрааш хомӯш мекарданд. Михайлевич гуфт, онҳо талош мекарданд, фаъолони мухолифинро «бишкананд» ва ӯ ҳатто маҷбур шуд, ба хотири раҳоияш бо КГБ як санади ҳамкориро имзо кунад.
Дар пайи эътирозҳои пасоинтихоботии Беларус дар моҳи декабр садҳо тазоҳургар, бо шумули номзадҳои мухолифин боздошт шуданд. То ҳол ду номзади дигар – Андрей Саникав ва Микалай Статкевич дар боздошт боқӣ мемонанд.