Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон рӯйхати 55 ширкатеро нашр кард, ки дар бозори ин кишвар нақши ҳаллкунандаро касб кардаанд. Ин феҳраст аз ҷумла корхонаҳои ТАЛКО, «Тоҷиказот», «Тоҷиксемент», ҳамаи ширкатҳои мобилӣ – «Вавилон», «ТТ-Мобайл», «Сомонком», «Индиго», «Таком» ва ТК Мобайл» ва ҳамчунин корхонаи «Хоҷагии манзиливу коммуналӣ» ва ширкатҳои суғуртаи «Тоҷиксуғурта» ва «Ориёниншуренс»-ро дар бар мегирад. Ба навиштаи «Азия Плюс», бозорҳои асосии пойтахт, осоишгоҳҳои «Хоҷаобигарм»-у «Зумрад» ва «Innovative Road Solutions», масъули ситодани пули роҳ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд –Чаноқ, танҳо роҳи пулакии Тоҷикистон, низ ба феҳрасти ширкатҳое, ки дар бозор нақши ҳаллкунанда ё доминант доранд, шомил шудаанд.