Эътирозҳои нави густарда дар Яман

Даҳҳо ҳазор эътирозгар имрӯз бо талаби хатми ҳукумати 32-солаи раисиҷумҳури Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ ба хиёбонҳои Санъо ва шаҳрҳои дигари ин кишвари ҷануби нимқораи Араб рехтанд. Шоҳидон мегӯянд, ҳудуди 5 000 тазоҳургар дар наздикии донишгоҳи Санъо гирди ҳам омаданд. Ҳазорон нафар дар шаҳрҳои шимолии Ибб ва Ҳудайда ташкили раҳпаймоӣ карда, дар Тоиз, 200-километрии пойтахт, дастикам 10 000 нафар ба хиёбонҳо рехтаанд. Бо ин ҳол, ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, бар асари ду ҳамлаи афроди мусаллаҳ дар вилояти ҷанубии Абён 2 сарбоз кушта ва 11 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Мақомот дар ин ҳамлаҳо шабакаи Ал-Қоидаро айбдор мекунанд.