Чин мегӯяд, ҷамъияташ соли гузашта аз 1 миллиарду 340 миллион нафар гузашт. Ин омор ҳокист, ки шумори аҳолии Чин назар ба 1 миллиарду 295 миллиони соли 2000 қариб 45 миллион нафар афзудааст. Чин ва Ҳинд танҳо ду кишвареанд, ки ҷамъияти болиғ аз 1 миллиард нафарро доранд ва сеяки аҳолии дунё дар ҳамин ду кишвар ба сар мебарад.