Дар Хуҷанд боз як узви ҳизби мамнӯъи Таҳрир боздошт шудааст. Хабаргузории «Азия Плюс» аз қавли мақомоти ВУДТ навишт, ин нафар 45 сол дошта, ҳанӯз дар оғози соли 2000 ба Ҳизбуттаҳрир пайвастааст ва ба тавзеъи адабиёти ин ҳизби мазҳабӣ ва шабномаҳояш машғул буд.
Соли гузашта 135 нафар дар Тоҷикистон бо ҷурми ҳамкорӣ бо ин гурӯҳ ҳукми зиндон гирифтанд. Ҳизбуттаҳрир барои таъсиси як хилофати воҳиди исломӣ дар қаламрави Осиёи Марказӣ мубориза мебарад. Фаъолияти он дар Тоҷикистон ҳанӯз дар соли 2001 манъ шуда, Душанбе дар соли 2008 ҳизби Таҳрирро ба феҳрасти созмонҳои террористӣ ворид кард.