Дар пайи хушунатҳои нав дар Тунис дар чанд рӯзи гузашта, нахуствазир Муҳаммад Ғанушӣ эълом кард, ки аз мақомаш истеъфо хоҳад дод. Муҳаммад Ғанушӣ яке аз ҳампаймонҳои Зайнулобиддин Бин Алӣ, раиси ҷумҳури собиқи Тунис, ваъда дода буд, ки ҳукуматро то замони интихоботи нав дар тобистони имсол раҳбарӣ хоҳад кард. Бен Алӣ дар пайи қиёми мардум алайҳи ҳукуматаш рӯзи 14 январ аз Тунис гурехт.