Тундравон дар Ироқ бо бомбгузорӣ дар бузургтарин полоишгоҳи нафтӣ чаҳор коргари онро куштанд ва сабаби оташ гирифтани ин полоишгоҳ шуданд. Аҳмад Ҷабурӣ, раиси вилояти Салоҳиддин гуфт, тундравон дар воҳидҳои тавлиди бензин ва керосин дар полоишгоҳи Байиҷӣ, воқеъ дар 180 километрии шаҳри Бағдод бомб гузоштаанд. Ба 50 мошини оташнишонӣ муяссар шудааст, дар зарфи 5 соат, оташ дар полоишгоҳро хомӯш кунанд. Полоишгоҳи мазкур қодир ба тавлиди 150 ҳазор тонна маводи сӯхт дар як рӯз будааст, ки барои истифодаи дохилӣ ва тавлиди нерӯи барқ дар худи Ироқ истифода мешавад.