Нигаронии Навӣ Пиллэй аз авзоъ дар Либия

Навӣ Пиллэй

Навӣ Пиллэй, раиси Шӯрои ҳуқуқи башари СММ аз хушунати режими Муаммар Қаззофӣ дар баробари эътирозгарон дар Либия изҳори нигаронӣ кард. Зимни суханронӣ дар ҷаласаи вижаи Шӯрои ҳуқуқи башар дар Женева ӯ хабар дод, ки дар ҷараёни саркӯбсозии намоишҳои зиддиҳукуматӣ дар Либия ҳазорон нафар куштаву маҷрӯҳ шудаанд.

Аз ин пеш ИМА хостори аз Шӯрои ҳуқуқи башари СММ ихроҷ намудани Либия шуда буд.

Қарор аст, ки имрӯз Шӯрои амнияти СММ мавзӯъи эъмоли таҳримҳо болои режими Муаммар Қаззофиро баррасӣ кунад. Бастаи таҳримҳо - манъи вуруди мансабдорони воломақоми ҳукумати Либия ба дигар мамолик, мунҷамид сохтани ҳисобҳои бонкии онҳо, манъи фурӯши силоҳ ба кишвар ва минтақаи барои парвози ҳавопаймоҳо мамнӯъ эълони шудани ҳарими ҳавоии Либияро дар назар дорад.

Имрӯз Шӯрои НАТО ҳам дар нишасте бо ширкати сафирони кишварҳои узви ин паймон ба баррасии мавзӯъи авзоъ дар Либия мепардозад.

Айни ҳол нерӯҳои зиддиҳукуматии Либия бештари манотиқи шарқии Либияро таҳти назорат гирифтаанд. Дар шаҳри Аҷабия, воқеъ дар шарқи Либия, полису артиш бо эътирозгарон пайвастанд. Ба иттилоъи хабарнигори нашрияи “Фигаро” чопи Порис, дирӯз шаҳри Зауия, воқеъ дар 50-километрии ғарби пойтахт, таҳти назорати ошӯбгарон қарор гирифт.