Додгоҳ бо истирдоди Ҷулиан Ассанж мувофиқат кард

Қозии додгоҳи Лондон ҳукм кард, ки Ҷулиан Ассанж, муассиси сайти интернетии моҷаробарангези Wikileaks метавонад ба Шветсия истирдод шавад, то ки дар баробари иттиҳомоти марбут ба бадрафториҳои ҷинсӣ посух диҳад.

Қозӣ Ҳовард Риддл гуфт, ки ду зан бо иттиҳоми Ассанж дар таҷовуз ва дастдарозиҳои ҷинсӣ шикоят кардаанд ва тамоми асноди аз ҷониби полиси Шветсия таҳияшуда дар ин замина иштибоҳе надорад.


Ин дар ҳолест, ки Ассанжи 39-сола иттиҳомоти алайҳи худро рад мекунад. Ассанж имрӯз дар нишасти матбуотие дар Лондон гуфт:

“Ҳеҷ баррасие дар заминаи тамоми ин муҳокимаҳо ва иттиҳомоти ворида зидди ман ва ҳамчунин таҳқиқи иттиҳомоти аз ҷониби Шветсия пешгузошташуда анҷом нашудааст”.

Ассанж гуфт, ки ният дорад, дар фурсати як ҳафтаи аз ҷониби додгоҳ мушаххасшуда барои бознигарӣ шудани ҳукми додгоҳи Лондон шикоят кунад. Тими вакилони Ассанж мегӯянд, ҳарос доранд, ки шахси мавриди ҳимояти онҳо баъдан ба дасти низоми додгустарии ИМА хоҳанд супурд.