Додгоҳе дар Лондон бояд имрӯз ҳукми худро дар нисбати муассиси сомонаи ифшогари WikiLeaks Ҷулиан Ассанж эълон кунад, ки оё ӯро ба Шветсия истирдод мекунанд ё на.
Додгоҳи Шветсия Ассанжро дар гуноҳҳои марбут ба бадрафториҳои ҷинсӣ айбдор мекунад. Ассанж шаҳрванди Австралия буда зидди ӯ дар Шветсия ду зани сокини ин кившар ба додгоҳ шикоят бурда гуфтаанд, ки замони боздидаш аз ин кишвар августи порсол Ассанж ба онҳо дастдарозӣ кардааст.
Ассанж ҳама иттиҳомоти зидди худро рад мекунад. Ҳоло ӯ аз додгоҳи Лондон тақозо дорад, ки ба истирдори ӯ монеъ шавад, ба он хотир, ки ҳарос дорад дар Шветсия муҳокимаи зидди ӯ одилона нахоҳад буд.
Вакилони дифоъ инчунин мегӯянд, ки Ассанжи 39-сола эҳтимол дорад барои муҷозот ба ИМА низ фиристода шавад. Чопи матолиби маҳрамонаи дипломатҳои амрикоӣ дар сайти WikiLeaks хашми мақомоти амрикоиро барангехт.