Қозиёни додгоҳи СММ генерали собиқи пулиси серб Властимир Ҷорҷевичро бо ҷурми нақше, ки дар қасди террори мардуми албанӣ ба хотири “тағйир додани таносуби қавмӣ дар Косово” иҷро кардааст, ба 27 соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳи Ҳейг Ҷорҷевичро дар мусоидат ва ҳамдастӣ дар куштори “на камтар аз 724 албании Косово” дар нимаи аввали соли 1999 ва ихроҷи ҳудуди 200 000 албании дигар аз Косово муҷрим шинохт. Ҷорҷевичи 62-сола дар гузашта муовини вазири умури дохила ва раҳбари пулиси Сербистон буд.