Авзоъи Афғонистонро "бисёр бад" арзёбӣ карданд

Як мақоми баланпояи Созмони Милал дар Афғонистон мегӯяд, авзоъ дар ин кишвар дар зарфи як даҳсолаи гузашта, ҳоло бисёр бадтар шудааст ин созмон ба 40 дар сади қаламрави Афғонистон дастрасӣ надорад. Роберт Ваткинс, муовини фиристодаи махсуси Созмони Милал, дар Афғонистон, ки ба зудӣ ин мақомашро тарк мекунад, имрӯз гуфт, «вазъи амниятӣ дар Афғонистон аз замони суқути Толибон дар соли 2001 дар поинтарин сатҳи худ қарор дорад. Ӯ афзуд, Созмони Милал ба сахтӣ ба 40 дар сади қаламрави кишвар роҳ меёбад ва аз ҷумла барои вуруд ба Қандаҳор онҳо бояд бо тарафҳои зиёде музокира кунанд.