Порлумони Тоҷикистон имрӯз номзадии Шермуҳаммади Шоҳиён ба мақоми раиси Кумиссиёни марказии интихоботи кишварро пазируфтааст. Рӯзи душанбе Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон, номзадии Мирзоалӣ Болтуев, раиси собиқи кумиссиёнро аз мақомаш бозхонд ва Шермуҳаммади Шоҳиёнро ба ин мақом пешниҳод кард. Дар мусоҳибае бо хабаргузории “Азия Плюс” Шермуҳаммади Шоҳиён ваъда додааст, ки таъмини интихоботҳои шаффофу одилона як аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ӯ хоҳад буд. То кунун ҳеҷ яке аз интихоботҳои Тоҷикистон аз тарафи нозирони хориҷӣ шаффофу одилона ва демократӣ хонда нашудааст.