Як сокини 49-солаи рустои Симиганҷи ноҳияи Ваҳдат бо иттиҳоми паноҳ додан ба Иброҳим Насриддинов, мулаққаб ба “Қорӣ Иброҳим”, яке аз 25 маҳбусе, ки шаби 23 август аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон фирор карданд, дастгир шудааст. Манобеъи "Азия Плюс” гуфтаанд, ки “Қорӣ Иброҳим” рӯзи 24 август ба манзили ин нафар паноҳ овардааст, вале ӯ ба мақомот дар ин бора хабар надод. Иброҳим Насриддинов ва 11 маҳбуси дигари фирорӣ дубора боздошт шуда, се нафари дигари онҳо дар ҷараёни амалиёти таъқиботӣ кушта шуданд. Аммо аз ин миён 10 нафар ҳамчунон дар ҳоли фирор боқӣ мемонанд.