Думаи давлатӣ, маҷлиси поёнии парлумони Русия паймони ташкили маркази мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Осиёи Марказиро тасвиб кард. Ин паймон аз сӯи Русияву Озарбойҷон ва ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ, бо шумули Тоҷикистон, ҳанӯз дар сентябри соли 2009 имзо шуда буд. Қарор аст, ин марказ дар Остона, пойтахти Қазоқистон сохта шавад. Будҷаи ин марказ дар марҳалаи аввал 15,4 миллион доллар баровард шудааст, ки бояд аз ҳисоби кишварҳои узви паймон ва кумаки кишварҳои дигар такмил шавад.
Тоҷикистон, ки бо Афғонистон зери 1400 километр марзи муштарак дорад, як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба Қазоқистону Русия дониста мешавад.
Тоҷикистон, ки бо Афғонистон зери 1400 километр марзи муштарак дорад, як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба Қазоқистону Русия дониста мешавад.