Бино ба хабарҳо, мақомоти амниятӣ манзили Меҳдии Каррубӣ, як раҳбари умдаи мухолифини Эронро, ки аз 14 феврал ба ин сӯ дар ҳабси хонагӣ қарор дошт, мавриди ҷустуҷӯ қарор дода ва писари ӯро ҳамроҳ бо завҷааш дастгир ҳам кардаанд. Ҳамсари Алии Карубӣ баъдан раҳо шуд, вале аз сарнавишти худи ӯ ҳанӯз дарак нест. Дар пайи тазоҳуроти рӯзи 14 февра, ки мухолифини Эрон бо илҳом аз эътирозҳои ҷаҳони Араб даъват карданд, 2 нафар кушта шуд ва ба дунбол, мақомот таҳдид карда буданд, ки ин амали раҳбарони мухолифин бе посух нахоҳад монд. Ҳафтаи гузашта дар Теҳрон бо ҳамдастии давлат намоишҳое созмон дода шуд, ки дар он издиҳом ҳатто эъдоми раҳбарони мухолифин, аз ҷумла Мирҳусейни Мӯсавӣ ва Меҳдии Карубиро талаб мекард.