Барфу борони рӯзи 23 феврал дар Тоҷикистон

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абриву дар аксари манотиқи водӣ боронӣ ва дар кӯҳистон барфӣ дар назар дошта шуда, интизор меравад, ҳарорати ҳаво дар Душанбе 7, дар Кӯлоб 10 ва дар Қӯрғонтеппа 11 дараҷа гарм шавад. Дар Хуҷанд имрӯз то 5 дараҷа гармӣ пешбинӣ шуда, ҳавошиносон барои Хоруғ 2 дараҷа ва барои Ғарм 5 дараҷаи ҳавои гармро дар назар доранд, аммо имкон дорад, дар навоҳии Рашту Бадахшон барф низ биборад.