Афзоиши доманаи эътирозҳо дар Либия

Эътирозҳо дар Либия алайҳи Муаммар Қаззофӣ ба шаҳрҳои бештар густариш ёфта, як теъдод аз мақомоти давлати ӯ ба сафи мухолифинаш пайвастаанд. Бино ба хабарҳо, шаҳри Бенғозӣ дар шарқи Либия таҳти назорати мухолифин даромада, як ҳомии ҳуқуқи башар аз тасаллути эътирозгарон ба дастикам 6 шаҳри дигари ин кишвар хабар додааст. Бино ба гузоришҳои расида, Муҳаммад Абдулҷалил, вазири адлияи Либия ва чанд дипломат, бо шумули ноиби сафири Либия дар СММ Иброҳим Дабошӣ ба нишони эътироз ба саркӯбии намоишҳо истеъф додаанд. Вазири хориҷаи Амрико хушунатҳо дар Либияро “ғайри қобили қабул” номида, Муаммар Қаззофиро ба қатъи билофосилаи хунрезӣ хондааст.