"Талко" аз афзоиши нархи барқ шикоят кардааст

Ширкати “Талко”-и Тоҷикистон гуфтааст, болоравии нархи барқ дар ин кишвар ба нархи алюмини тавлидшуда таъсир хоҳад дошт. Ин ширкат бо пахши баёнияе гуфтааст, агар мақомоти давлатӣ ба ин корхона барқро арзонтар диҳанд, чунин кор ба суди иқтисоди Тоҷикистон хоҳад буд. Игор Сатторов-раҳбарии маркази таҳлилиҳу иттилоъотии ширкати “Талко” дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт:

“Дар робита бо ҳамкории “Талко” бо “Барқи Тоҷик” бояд ин нукта дар назар гирифта шавад, ки ин ҳамкорӣ ба зарурати ҳали баъзе масъалаҳо, аз қабили боло рафтани нархҳо иртибот дорад”.

Аммо таҳлилгарони мустақил гуфтаанд, то ҳол нисбат ба мардум ба ин корхона барқ арзонтар фурӯхта мешуд ва бояд суду зиёни ин корхона ҳисоб карда шавад. “Талко” дар баёнияи худ гуфтааст, дар сурати боло рафтани нархи барқ нархи алюмин низ боло меравад ва он дар бозорҳои ҷаҳонӣ наметавонад рақобатпазир бошад.